Пайвандҳои дастрасӣ

Кобул. Ҳалокати 12 сарбози туркӣ дар суқути чархбол


Бар асари суқути як чархбол дар деҳаи Ҳасанхелии улусволи Багроми вилояти Кобул, 12 сарбози туркӣ ҷон бохтанд.

Як мақоми амниятии Кобул дар сӯҳбат ба бахши дарии радиои Озодӣ гуфтааст, ки нерӯҳои амниятии афғон то ҳол ҷасади 10 танро аз маҳали ҳодиса ба даст овардаанд.

Ин мақом, ки нахостааст номаш ифшо шавад, гуфтааст, ки чархбол марбут ба нерӯҳои туркӣ будааст. Мақомоти Афғонистон инчунин аз ҳалокати ду афғон дар зери шикастпораҳои чархбол дар ин минтақа хабар додаанд.

Дар ҳамин ҳол ҳарбиёни Туркия бо таъйиди ин хабар гуфтанд, ки 12 сарбози ин кишвар дар суқути чархболи ҷангӣ дар Кобул ба ҳалокат расидаанд. Фармондеҳии НАТО дар як изҳорот гуфтааст, дар ин минтақа ҳеҷ амалиёти ҳарбие ҷараён надошт.

Туркия дар Афғонистон 1800 сарбоз дорад, ки дар ҳайати нерӯҳои НАТО асосан дар наздикии Кобул мустақаранд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG