Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Эрон барои ҳалли дипломатӣ вақти зиёд надорад


Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон дар Кохи Сафед авзоъ дар Афғонистон, барномаи ҳастаии Эрон ва дигар мавзӯъҳои байнулмилалиро баррасӣ карданд.

Обама изҳор намуд, ки имкони аз роҳи дипломатӣ ҳал кардани қазияи барномаи ҳастаии Эрон ҳарчӣ кам тар мешавад ва фишор болои Теҳрон бояд идома ёбад Ӯ афзуд, ки “мо барои аз роҳи дипломатӣ ҳал кардани вазъ ҳама корро анҷом медиҳем ва аммо билохира бояд бо касе музокирот кард, нафаре зарур аст, ки ба мушкил ба таври ҷиддӣ бархӯрд мекунад. Умедворам, режими Эрон дарк мекунад, ки ин роҳи беҳтар аст”.

Обама ва Кэмерон ба пешрафти нерӯҳои миллии низомиву полиси афғон дар роҳи таҳкими амният дар кишвар таъкид намуданд. Раисиҷумҳури Амрико аз комёбиҳои НАТО дар нобудсозии бахшҳои шабакаи “Ал-Қоида” ва дар мубориза бо “Толибон” ситоиш кард.
XS
SM
MD
LG