Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Ҷавоби чистонро ёб ва телефон ё модем тӯҳфа бигир!"


Ширкатҳои гуногуни Тоҷикистон иди Наврӯзро фурсати муносибе барои маъракаҳои таблиғотӣ мешуморанд.

Касе чистони печидаро ёбад ё банди як муаммои наврӯзиро боз кунад, ҷоизаву тӯҳфаи хубе ба даст хоҳад овард. Комилан ройгон, танҳо бояд донише дошт ва посухро ёфт. Ширкати "Мегафон", ки дар гузашта бо номи МЛТ машҳур буд, бозиҳои наврӯзии худро таҳти унвони "МЕГАНАВРӮЗ" ба ҳам овардааст.

Масъули равобити ҷамъиятии ин ширкат, Шаҳноз Комилзода, ба Радиои Озодӣ гуфт, "Мегафон" сар аз 15-уми март то расидани ид, дар ҳавои ҳафтшину ҳафтсин, муддати ҳафт рӯз аксияи худро идома медиҳад: “Дар ин ҳафт рӯз 14 муаммо ва чистон, ки марбут ба рамзҳои наврӯзӣ мебошанд, пешкаш мешавад ва дар иваз 14 телефони мобил барои ғолибон тӯҳфа хоҳад шуд."

Ба гуфтаи хонум Комилзода, "яке аз шартҳои асосии маърака, ин аст, ки довталабон бояд мавқеи марказҳои хизматрасонии «Мегафон»-ро донанд. Муҷрии аксия бо яке аз рамзҳои «Наврӯз», 7 рӯз, 7 коргоҳ, 14 муаммо бо 14 телефони мобилӣ меистад. Шунавандае, ки якум шуда, ҷои муҷриро бо як рамзи наврӯзӣ меёбад ва ба он ҷо меравад, аз ширкати «Мегафон» тӯҳфаи қиматбаҳо мегирад."

Ширкати "Telecom Тecnology" ба навбати худ мегӯяд, ки дар ҳамаи идҳои муҳим дар кишвар аксияҳои худро бо барномаҳои гуногун пешкаш мекунад. Намояндаи тиҷоратии ин ширкат Аббос Аббосов мегӯяд, сар аз 21-уми март, пайваст шудан ба интернетро барои сокинони кишвар ройгон эълон мекунад. Ин дар ҳолест, ки пайваст шудан ба интернет дар як моҳ 30 доллар харҷ дорад. Ҷоест, ки метавон хитоб кард: "Наврӯз муборак, интернети бепул муборак!"

То куҷо ҳадаф аз ин маъракаҳо тиҷорат аст ва то куҷо эҳтироми ид ё суннату ойинҳои миллӣ? Вақте мо бо масъулони ширкати маъруфи "Ваbilon-Т" дар тамос шудем, то аз маъракаҳои идонаи онҳо огоҳӣ ёбем, дар он сӯи хат андаке истиҳола карданд ва гуфтанд, ки бинобар асрори иқтисодӣ ва молӣ, аз фош кардани барномаи таблиғияшон худдорӣ мекунанд. Метавон эҳтимол зад, ки ин ширкат ба таблиғоти махсуси идона чандон эҳтиёҷ надорад. Он бахши бузурге аз бозори мухобироти мобилиро дар даст дорад ва ҳамагӣ чанде пеш бо тақдими мошини сабукрав ба муштарии дуниммиллионии худ гӯё нақшаи аксияҳои таблиғотии худро иҷро намуд. Ҳарчанд аз эҳтимол дур нест, ин ширкат "сюрприз"-е дорад, ки ҳамаро қойил кунад.

Намояндагони ширкати "Интерком" рӯйирост гуфтанд, дар ҳоли ҳозир маъракае дар пайванд ба Наврӯз надоранд. Вале инро ҳам метавон ба "нақшаи пинҳон" рабт дод, зеро аксари ширкатҳои мобилӣ ва интернетии дигаре, ки мо тамос доштем, гуфтанд, дар ҳоли ҳозир афзал мешуморанд, ки барномаҳои наврӯзии онҳо то иди Наврӯз махфӣ бимонад.
XS
SM
MD
LG