Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарма роҳ ба шимоли кишварро баст


Бино ба хабари Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар чанд қитъаи роҳ тарма фуромадааст.

Хабаргузориҳо мегӯянд, як корманди ширкати Innovative road solutions (IRS), ки мудирияти шоҳроҳи Душанбе –Чаноқро дар зимма дорад, низ зери дар тарма мондааст. Ин воқеа дар километри 118-уми роҳ ҳангоми тоза кардани он аз барф ба вуқӯъ пайвастааст. Ҷустуҷӯи ин шахс, ки ба кори экскаватор раҳбарӣ мекард ва барф ӯро ба варта бурд, ҳанӯз натиҷа надодааст.

Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, сар аз километри 51 то 120 роҳ дар чанд ҷой зери тарма монда, талошҳои поккории роҳ идома дорад.

Дар охирҳои моҳи гузашта наздик ба 100 нафар дар қитъаи Майхӯраи ҳамин роҳ ба асорати баҳман афтода, чаҳор шабонарӯзро дар байни барф ва сардии тоқатфарсо ба сар бурданд. Онҳоро Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, вале дар тармаи Майхӯра як ронандаи мошини боркаш ба ҳалокат расид. Ҳамчунин, ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, рӯзи 23 феврал бар асари рехтани тарма дар дараи Ромит дастикам 4 сокини ин минтақа ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG