Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати корҳои дохилӣ дар дорухонае дар Душанбе миқдори бузурги ҳабби нашъадорро мусодира кардааст.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, дар яке аз дорухонаҳои шаҳри Душанбе аввалин бор миқдори бузурги «Феназепам», қурси нашъадорро мусодира кардааст, ки барои таскини дард ва муолиҷаи баъд аз ҷарроҳӣ истифода мешавад.

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорат гуфт, ин дору бояд қатъан бо
дастури духтур фурӯхта шавад ва таҳти
назорати духтурон истифода шавад, аммо
соҳиби дорухонае дар Душанбе ба миқдори
9000 донаи онро аллакай фурӯхтааст. Вай
афзуд, бо 2000 ҳабби дигар мусодира
шудааст.

Ин дармон дар таркиби худ маводи нашъаовар дорад ва барои касалиҳои руҳӣ ва баъди ҷарроҳӣ ва табобати нашъамандон истифода мешавад. Фурӯши он замоне фош шуд, ки аз бархе аз шаҳрвандон даҳҳо ҳабби ин мавод кашф ва мусодира шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG