Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши СММ: "Захираҳои ҷаҳонии об ба чолиш рӯбарӯст"


СММ мегӯяд, талаботи башиддат афзоянда ва тағйири иқлим, ба як чолиши манфӣ барои захираҳо ҷаҳонии об табдил ёфтаааст.

Дар гузориши нави СММ, ки “Идораи манобеъи об дар шароити норӯшану хатарнок” ном дорад, гуфта шудааст, талаботи бесобиқа ба об, расидан ба аҳдофи аслии рушди ҳазорсоларо низ дучори хатар мекунад. СММ хостори бозбинии кулии тарзи бархӯрд ба идораи манобеъи оби дунё шудааст. Ҳомиёни муҳити зист мегӯянд, Тоҷикистон низ бо вуҷуди захираҳои феълан саршори обаш аз ин хатарҳо эмин нест.

То соли 2015-ум 86 дарсади аҳолии кишварҳои дар ҳоли рушд ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ пайдо хоҳанд кард, вале то 1 миллиард нафари дигар, бахусус дар шаҳрҳо ҳамчунон аз ин имкон маҳрум боқӣ хоҳанд монд. Гузориши нави СММ, ки мегӯяд, шумори аҳолии шаҳрҳо то соли 2050 ду маротиба афзуда, ба 6,3 миллиард нафар хоҳад расид
ва шабакаҳои обу корез ба ниёзҳои ин мардум хеле ба сахтӣ расидагӣ хоҳанд кард. Бар изофа, то соли 2050 талабот ба ғизо 70 дарсад афзуда, ҳаҷми истифода аз обро то 19 фоиз боло мебарад.

Дар чунин шароит табъан ба манобеъи зеризаминии об бештар даст хоҳанд зад. Он ҳам дар ҳоле, ки истифода аз обҳои зеризаминӣ дар 50 соли охир алакай 3 маротиба афзуда, боиси коҳиши башиддати чунин захираҳо шудааст. Тағйири иқлим бо коҳиши боришоту масоҳати пиряхҳо ва табиати боз ҳам харобиовар гирифтани офоте, чун селу хушксолиҳо, низ ба шиддати бӯҳрони об хоҳад афзуд.

Гузориши СММ мегӯяд, ин омилҳо нобаробарии мавҷудаи иқтисодӣ байни кишварҳоро бештар мекунад, ки заҷрашро асосан қишрҳои камбизоат хоҳанд кашид. Хулосаи гузориш ин аст, ки дар ғайри сурати дар меҳвари сиёсатҳои рушд қарор додани масъалаи об, миллиардҳо нафар ба хатари фақр рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Тоҷикистон, ки дар саргаҳи 60 фоизи манобеъи оби кӯли Арал қарор дорад, низ аз ин хатарҳо орӣ нест. Бо вуҷуди чунин захираи фаровон, 40 дарсади аҳолии Тоҷикистон то ҳол ба оби пок дастрасӣ надошта, фақат дар 10 соли охир масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон 30 фоиз кам шудааст.

Алиҷон Латифӣ, аз фаъолони муҳити зист, об шудани пиряхҳоро дар дарозмуддат ноҳияи аслии нигаронӣ барои Тоҷикистон мешуморад: “Солҳои охир пиряхҳо ақибнишинӣ мекунанд ва ҳам аз нигоҳи ҳаҷму ҳам аз нигоҳи тӯл коҳиш меёбанд. Пиряхи Хирсон , пиряхи Гармо, пиряхи Федченко – ҳамаашон оҳиста-оҳиста кам шуда истодаанд. Ин,
албатта, ба зарари Тоҷикистон аст, чунки захираи об кам мешавад. Фақат инки мо инро ҳанӯз ҳис накардаем.”

Ба ақидаи ҳомиёни муҳити зист, як роҳи пешгирӣ аз чунин пешомад сохтани обанборҳои бештар, аз ҷумла обанбори Роғун аст, ки шиддати камбуди обро дар оянда барои Тоҷикистон сабуктар кунад. Захоири об як василаи муҳим дар амри коҳиши фақр дар Тоҷикистон низ маҳсуб мешуд, вале Алихон Латифӣ мегӯяд, коҳиши захоири об боиси коҳиши башиддати заминҳои кишт шуда, ҷамъи бузурге аз кишоварзонро ба артиши бузурги мардуми бенаво хоҳад афзуд:

“Боигарии Тоҷикистон асосан аз кишоварзист, ки бе об рушд карда наметавонад. Аммо аксари заминҳое, ки обро мо бо насосҳо мебардоштем, дубора замини лалмӣ шудаанд, чунки насосҳо дигар тавони бардоштани обро надоранд. Мушкили дигар ин аст, ки мо обро хеле бераҳмона истифода мебарем. Барои об додани пахта, барои мисол, ба ҷои 100 литр 200 ва ҳатто 300 литр об сар медиҳем. Бояд таҷҳизоти муосире ба Тоҷикистон овард, ки масрафи обро кам кунад ва мо тавонем аз истифодаи об фоидаи бештар бигирем.”

Рӯзи 12 март дар Марсели Фаронса Ҳамоиши шашуми ҷаҳонии об оғоз ба кор кард, ки як мавзӯъи аслиаш таҳияи шеваҳои нави идораи захоири оби дунёст.
XS
SM
MD
LG