Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Хадамоти муҳоҷират аз Қазоқистон


Бинои Шӯрои вазирони Қазоқистон.
Бинои Шӯрои вазирони Қазоқистон.

Хадамоти муҳоҷират хостааст, то замони номнависи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон тамдид шавад.

Хадамоти муҳоҷират аз сафири Қазоқистон дар Душанбе тақозо кардааст, ки мӯҳлати номнависи шаҳрвандони Тоҷикистон дар идораҳои зидахли Қазоқистонро то як моҳ тамдид кунанд.

Дар ҳоли ҳозир, вақте як шаҳрванди Тоҷикистон ба қасди муҳоҷирати корӣ вориди қаламрави Қазоқистон мешавад, барои дар қайд гузоштани шиноснома ва дигар асноди лозим ҳамагӣ се рӯз фурсат дорад.

Мансур Орифов, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, мулоқоти раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон сурат гирифт, ки чанд масъалаи муҳими миёни кишварҳо дар робита ба муҳоҷирати корӣ баррасӣ гардид.

"Ҳадафи ниҳоди мо нармтар кардани шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, аз ҷумла афроде, ки барои муҳориҷати корӣ ба ин кишвар мераванд. Сафири Қазоқистон ваъда дод, ки ҳатман ин масъаларо ба ҳукумати кишвараш мерасонад ва кӯшиш хоҳад кард, ки ин масъала ҳалли худро пайдо кунад",-афзуд ӯ.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳамчунин масъалаи ифтитоҳи намояндагии худро дар Қазоқистон бо сафири ин кишвар дар миён гузошта ва ба хотири иҷрои санадҳое, ки дар масъалаи муҳоҷират то кунун миёни ду кишвар ба имзо расидааст, таъсиси як кумисюнро зарур шуморидааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон ҳудуди 50 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG