Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон кам мешавад


Ширкати “Барқи Тоҷик” эълом кард, ки ба эҳтимоли қавӣ маҷбур хоҳад шуд, интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои мардумро камтар кунад, зеро маҷрои ками об, сабаби коҳиши тавлиди нерӯи барқ хоҳад шуд. Ширкат дар як баёнияи расмӣ гуфтааст, “бо сабаби нобаҳангом паст шудани ҳарорати ҳаво ва кам гаштани маҷрои об дар рӯдхонаи Вахш истеҳсоли нерӯи барқ дар миқёси кишвар” коҳиш меёбад. То кунун ба истиснои шаҳри Душанбе ноҳияҳои кишвар дар як шабонарӯз то 5 соат нерӯи барқ мегирифтанд ва ҳоло ба гуфтаи мақомот эҳтимол дорад, ба хонаҳои мардум дар як шабонарӯз то аз се то чаҳор соат нерӯи барқ дода шавад ва тамом. Таври маълум Тоҷикистон дар мавсими гармо бештар аз ниёзи дохилӣ нерӯи барқи обӣ тавлид мекунад, вале дар мавсими сармо ва тақрибан ним сол ба нерӯи барқи изофӣ мӯҳтоҷ мешавад.
XS
SM
MD
LG