Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА стратегияашро дар Афғонистон бознигарӣ намекунад


Қурбониёни ҳамлаи сарбози амрикоӣ
Кохи Сафед эълом дошт, ки куштори 16 сокини осоишта, аз ҷумла, нӯҳ кӯдаки афғон, аз сӯи сарбози амрикоӣ наметавонад ангезае барои тағйири стратегия ва аҳдофи Вошингтон дар Афғонистон бошад.

Сухангӯи раёсатҷумҳурии ИМА Ҷей Карнӣ изҳор намуд, Амрико ва НАТО ба ҷадвали хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон, ки то поёни соли 2014 муқаррар шудааст, содиқанд. Ҳамзамон ӯ ҳадс зад, ин мавзӯъ шояд дар нишасти сарони кишварҳои узви НАТО, ки қарор аст моҳи май дар шаҳри Чикаго баргузор шавад, мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Дар ҳамин ҳол нерӯҳои байналмиллалии зери фармондеҳии НАТО дар Афғонистон баъд аз таҳдиди "Толибон" барои интиқоми куштори сокинони осоиштаи як рустои Қандаҳор ба ҳолати омодагии низомӣ даромадаанд.

Як низомии амрикоӣ чанд шаб пеш аз пойгоҳаш берун рафта, ба манзилҳои деҳаи Аликозай ҳамла кардааст. Аз тири ӯ, аз ҷумла, занону кӯдакон ҳам кушта шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG