Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия сафар бо паспортҳои дохилиро манъ мекунад?


Виктор Иванов
Виктор Иванов

Як мақоми русӣ пешниҳод кардааст, ки вуруди шаҳрвандони хориҷӣ бо паспортҳои дохилӣ ба Русия манъ шавад.

Виктор Иванов, раиси Хадамоти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Русия, пешниҳод кардааст, то вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, бо шиносномаҳои дохилӣ ба ин кишвар мамнӯъ шавад.

Ӯ ҳамчунин ба мақомоти кишвараш гуфтааст, ҷараёни дарёфти шаҳрвандии Русия ва воридоту фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз сӯи хориҷиёнро ҷиддитар назорат кунанд. Зеро ба гуфтаи вай, баъзан дар дохили маҳсулоти кишоварзӣ низ ба Русия маводи мухаддир ворид мешавад.

Ҷаноби Иванов ин се пешниҳоди худро барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир дар қаламрави Русия унвон кардааст. Аммо Александр Михайлов, муовини пешини раҳбари Хадамоти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Русия мегӯяд, ба танзим даровардани воридоти маҳсулоти кишоварзӣ бемаъност. Зеро ба гуфтаи ӯ, "маводи мухаддирро, албатта, дар дохили афлесун намеоранд."

Пешниҳод дар мавриди манъи сафари шаҳрвандони хориҷӣ бо шиносномаҳои дохилӣ ба Русия дар ҳолест, ки тоҷикон аз соли 2005 ба инҷониб бо шиносномаҳои дохилӣ ба Русия мераванд. Танҳо тавассути ҳавопаймо.

Моҳи ноябри соли 2005 дар пайи тасвиби як санад, сафар ва иқомати шаҳрвандони Тоҷикистону Русия дар қаламрави ин ду кишвар бо шиносномаи дохилӣ имконпазир гашта буд.

Вале равуо бо шиносномаи дохилӣ тавассути роҳи оҳан ва нақлиёти заминӣ ғайриимкон аст. Зеро ба ҳангоми убури тронзитӣ аз қаламрави Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон шиносномаи хориҷӣ талаб карда мешавад.
XS
SM
MD
LG