Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод: Эрон аз Исроилу Амрико биме надорад


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, изҳор намуд, кишвараш аз таҳдидҳои ҳамлаи низомӣ ба муассисаҳои ҳастаии Эрон, ки аз сӯи Исроилу Амрико садо медиҳанд, биме надорад. Ӯ дар як суханронӣ дар издиҳоми мардум дар вилояти Албурз ҳамчунин гуфт, ки Эрон барои идомаи музокирот оид ба барномаи ҳастаии кишвар бо панҷ кишвари узви доимии СММ ба изофаи Олмон омода аст.

Аз ин пеш нахуствазири Исроил Бинямин Нетаняҳу таҳдид карда буд, ки агар Эрон барномаи ҳастаияшро қатъ накунад, муассисаҳои ҳастаияш мавриди ҳамлаи Исроил қарор мегирад. Эрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи сулҳомез дорад.
XS
SM
MD
LG