Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ: "Мухолифи таҳримҳо бар зидди Эронем"


Ҳамроҳхон Зарифӣ ва Алӣ Акбари Солеҳӣ дар шаҳри Душанбе
Ҳамроҳхон Зарифӣ ва Алӣ Акбари Солеҳӣ дар шаҳри Душанбе

Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, кишвараш аз ҳеҷ таҳриме алайҳи Эрон, бахусус иқтисодӣ ҷонибдорӣ намекунад.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, ки бо иттифоқи ҳамтои эрониаш Алӣ Акбари Солеҳӣ бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, Тоҷикистон таҳримро роҳҳали ҳеҷ як мушкил намедонад ва ҳамеша бар музокирот таъкид мекунад.

Ӯ афзуд, равобити Тоҷикистону Эрон дар сатҳи хеле олӣ қарор доранд ва ҷавобгӯи манофеи миллии ду ҷониб мебошанд: "Манфиатҳои Тоҷикистону Эрон аз тарафи ду кишвар ҳимоят мешавад ва дар ҳар мавриде, ки ҳаст, мо аз имкониятҳои мавҷуда истифода карда, мавқеи якдигарро дастгирӣ мекунем."

Ин ҳарфҳои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида талош доранд, то Эронро бо панҷаҳои таҳримҳо сахттар фишор диҳанд. Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири хориҷаи Эрон, ки бо як сафари расмии серӯза вориди Тоҷикистон шудааст, гуфт, дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш рӯи масоили минтақавӣ ва байнулмилалӣ ба таври умум сӯҳбат карда ва баррасиҳо бештар сари истифодаи муассири "имконият"-ҳои Тоҷикистон тариқи "тавоноӣ"-ҳои Эрон барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба сурат гирифтааст.

Алӣ Акбари Солеҳӣ
Алӣ Акбари Солеҳӣ
Ҷаноби Солеҳӣ афзуд, "муҳимтарин баҳс баҳси транзит аст. Умедворем, ки бо роҳандозии роҳи оҳани Эрон - Афғонистон - Тоҷикистон - Қирғизистон - Чин корҳои хубе карда бошем. Транзит бисёр амри муҳим аст. Баҳси интиқоли барқу энержӣ ва дигар мавридҳо ҳастанд, ки бояд мутолиа шаванд."

Эрон яке аз шарикони иқтисодии Тоҷикистон аст. Нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ва нақби “Истиқлол” тарҳҳои бузургтарини муштараки ду кишвар ба шумор мераванд. Эрон ҳамчунин сармоягузории сохтмони неругоҳи “Айнӣ” рӯи рӯдхонаи Зарафшонро ба зимма гирифтааст. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолият доранд.

Эрон аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон ҳам ба ҳисоб меравад, аммо тайи ду соли ахир ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар афзоиши назаррасе надоштааст. Тибқи иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон, агар соли 2010 гардиши мол миёни ду кишвар 201 миллион долларро ташкил медод, соли гузашта бар ин рақам андаке афзуда, ба 204 миллион расидааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00
Линки мустақим


Сафари серӯзаи вазири корҳои хориҷии Эронро як гуна заминасозиҳои қаблӣ барои ҷашни байнулмилалии Наврӯз ва конфронси минтақавии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Афғонистон унвон мекунанд, ки даҳаи сеюми моҳи равон дар Душанбе баргузор мешаванд. Дар ҷашни байнулмилалии Наврӯз як қатор сарони кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, ба таъйиди вазири корҳои хориҷии Эрон, раисҷумҳури ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод низ ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG