Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамос: "Аз ҷанги Исроилу Эрон канор меистем"


Созмони Ҳамоси Фаластин мегӯяд, дар сурати ҳаргуна ҷанг миёни Исроилу Эрон дар канор хоҳад истод ва ба Исроил ҳамла нахоҳад кард. Фафзӣ Барҳом сухангӯи Ҳамос гуфт, гурӯҳи онҳо тавоноии ширкат дар “ҳаргуна ҷанги минтақавиро” надорад. Аҳмад Юсуф, як раҳбари Ҳамос, иддаъои Исроилро пуч хонд, ки гуфтааст, дар сурати ҷанге бо Эрон Ҳамос метавонад ба Исроил даҳҳо мушак партоб кунад. Дар ин авохир сару садо зиёд шудааст, ки Исроил дар моҳҳои оянда метавонад ба таъсисоти атомии Эрон ҳамла кунад. Созмони Ҳамос, ки аз соли 2007 Навори Ғаззаро таҳти контрол дорад, аз ҳампаймонҳои деринаи Эрон аст.
XS
SM
MD
LG