Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти овозхони машҳур Зоҳир Ҳувайдо


Зоҳир Ҳувайдо, сарояндаи машҳури Афғонистон
Зоҳир Ҳувайдо, сарояндаи машҳури Афғонистон

Сарояндаи машҳури Афғонистон, Зоҳир Ҳувайдо, ки солҳои охир дар Олмон ба сар мебурд, аз ҷаҳон гузашт.

Соҳиби садои нирӯманду махмалӣ Зоҳир Ҳувайдо дар Тоҷикистон аз шӯҳрати бузург бархӯрдор буд ва дар солҳои 1970 ба ин ҷо сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, ҳамроҳ бо овозхонони саршиноси тоҷик Муқаддас Набиева ва Тоҷиддини Муҳиддин ҳунарнамоӣ кардааст. Дар солҳои баъдӣ ӯ дар Кобул бо овозхони дигари тоҷик Хурмо Ширин ҳамовозӣ карда, ба сурати умум дар миёни сарояндагони тоҷик дӯстони бешумор дошт. Наворҳои мусиқии Зоҳир ҳоло ҳам дар Тоҷикистон шунавандаи зиёд доранд.

Вай махсусан бо таронаҳои "Камарборик", "Паричеҳра", "Як-ду рӯзе пас баҳор мешавад" дар байни шунавандагони тоҷик мухлиси бешумор пайдо кард. Ба сурати умум Зоҳир дар тӯли умри худ наздик ба 1000 тарона эҷод кардаву сурудааст, ки аксари онҳо ба сабки, он гуна ки дар Афғонистон мегӯянд, "шимолӣ" ё "хуросонӣ" иҷро шудаанд.

Зоҳир Ҳувайдо дар соли 1945 дар вилояти Дайкундӣ, ғарби Кобул, ба дунё омада, аз он ҷо ки падараш ходими давлатӣ буд, барои кор ба шимол фиристода шуд ва солҳои тифлии Зоҳир дар Мазори Шариф гузаштааст.

Дар айёми наврасӣ хонавода ба Кобул кӯчид ва дар Гузари Китобфурӯшон маскун шуд. Зоҳир дар ин ҷо Институти театр ва овозро хатм намуда, ба дастаи ҳунарии Найнавоз шомил гашт. Ҳангоми кор дар оркестри Найнавоз ва бо машварати ин оҳансозу хонандаи машҳур Зоҳир ба сарояндагӣ сар кард ва барои таҳсили мусиқии опера ба Консерваторияи ба номи Чайковскии Маскав фиристода шуд.

Пас аз бозгашт ба Кобул ӯ карйераи овозхонияшро оғоз кард ва дар кӯтоҳтарин фурсат машҳур гашт. Оҳанги ҳамаи таронаҳояшро худаш менавишт, ба истиснои 5 оҳанге, ки моли Найнавоз, Аҳмад Зоҳир ва Масҳур Ҷамол буданд. Оҳангҳои "Бишнав азт най" аз Найнавоз, "Рашъа дар дасти боғбон" ва "Гар зулфи парешонат" аз Аҳмад Зоҳир ва "Ай мӯйтилоӣ" аз Масҳур Ҷамол мебошанд.

Ба ҷуз аз Тоҷикистон Ҳувайдо дар кишварҳои зиёде ҳунарнамоӣ кардааст ва аксаран таронаи "Камарборик"-и ӯ бар шеъри "Ёри мастчоҳиям"-и Абулқосими Лоҳутӣ бо изофаи рубоии Бобо Тоҳири Урён шиносномааш будааст. Ин таронаро пас аз ӯ бисёре аз хонандагони тоҷику эронӣ низ сурудаанд.

Дар айни авҷи шӯҳраташ Зоҳир Ҳувайдо зери фишори мақомоти Афғонистон қарор гирифт, зеро ғолибан зидди низоми подшоҳӣ сӯҳбат мекард ва аз нахустин раисиҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Довуд низ хушнуд набуд. Бино ба гуфтаи коршиносони афғон, намоиши таронаҳои ӯ аз тариқи телевизиони миллии Афғонистон ба он сабаб қатъ шуд, ки ба пешниҳоди сурудан ба забони пашту посухи рад дод. Вай гуфтааст, ҳар гоҳ, ки устод Аввалмир таронае ба дарӣ бихонад, ӯ ҳам дар посух ба пашту хоҳад хонд. Танҳо пас аз инқилоби соли 1979 ва ба қудрат расидани коммунистон дар Афғонистон роҳи Зоҳир Ҳувайдо ба телевизиону радио аз нав бозт шуд. Бештарин таронаҳои ӯ маҳз дар ин давра пахш ва забт шудаанд.

Аммо дар ҳамин давра буд, ки дар сафари ҳунарие ба Тоҷикистон ва консерти муштарак бо овозхонони тоҷик мақомоти Душанбе таронаи ӯро барои калимаи "Худо" манъ карданд.

Пас аз шикасти режими коммунистӣ дар Афғонистон Зоҳир Ҳувайдо ба Олмон кӯчид ва то дами маргаш бо аҳли хонадон дар ин ҷо мезист. Дар Олмон ӯ студияи худро таъсис дод ва даҳҳо таронаи нав эҷод намуд. Дар соли 2010 вай дар Амрикои Шимолӣ, Аврупо ва Австралия консерт дод ва мегуфт, ин "худоҳофизӣ"-и ӯст. Дар ин сафарҳо вай одати худро шикаст ва ба забони пашту низ суруд хонд.

XS
SM
MD
LG