Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар фурудгоҳи Хуҷанд чӣ воқеа рӯй дод?


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Раиси НАНСМИТ мегӯяд, алайҳи бархе аз маъмурони фурудгоҳи Хуҷанд ба додситонии нақлиёт шикоят мебарад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) гуфт, маъмурони фурудгоҳи Хуҷанд ҳангоми адои фаъолияти хабарнигорони шабакаҳои телевизионии вилояти Суғд монеа эҷод карда, худи ӯро мавриди таҳдид ва озори равонӣ қарор додаанд.

Ба қавли ҷаноби Қаршибоев, ходимони фурудгоҳ ба хабарнигорони шабакаҳои "Ҷаҳоноро" ва "Азия" иҷоза надодаанд, аз вазъи ногувори мусофироне, ки парвозашон ба таъхир афтода буд, гузориш таҳия кунанд. Ӯ афзуд, вақте ба унвони яке аз ҳомиёни ҳуқуқи хабарнигорон талош кард, то ғайриқонунӣ будани бархӯрди масъулони фурудгоҳро фаҳмонад, ба ӯ таҳдид карданд. "Дидам, ки се нафар ба сари оператор давиданд. Рафта ва гуфтам, Шумо кӣ ҳастед, ки намемонед, журналистҳои телевизион корашонро анҷом диҳанд. Дар ҷавоб онҳо ба сари ман таҳдид карда ва хостанд ба даруни кафетерия дароварда, ба ягон иқдоми дигари ғайриқонунӣ даст зананд. Шояд онҳо на фақат нияти тарсонидан, балки нияти заданро ҳам доштанд",-- мегӯяд раиси НАНСМИТ.

Муҳаммадюсуф Шодиев
Муҳаммадюсуф Шодиев
Талошҳои мо ҷиҳати дарёфти мавқеъ ва назари масъулони фурудгоҳи Хуҷанд бенатиҷа буд. Вале Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфт, аз қазияи дар фурудгоҳи Хуҷанд пешомада бо хабарнигорони шабакаҳои телевизионӣ огоҳ аст.

Вай гуфт, наметавонад қазоват кунад, ки ходимони амниятии фурудгоҳ то чӣ ҳад бо онҳо дуруст бархӯрд кардаанд. Вале афзуд, бар асоси меъёрҳои пазируфташуда ходимони амниятии фурудгоҳ танҳо пас аз он ки хабарнигорон иҷозаи хаттӣ барои наворбардориро дошта бошанд, метавонанд ба онҳо рухсат диҳанд. "Дар акси ҳол фурудгоҳ ва ходимони он ҳақ доранд, иҷозаи наворгириро надиҳанд",-- илова кард Шодиев.

Бо ин ҳол, эътирози раҳбари НАНСМИТ алайҳи масъулони фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд дар ҳоле баланд мешавад, ки бино бар охирин гузориши СММ дар робита ба вазъи ҳуқуқи башар бархӯрди мақомот бо хабарнигорон дар бештари кишварҳои олам бадтар шудааст. Дар гузориши Кумитаи байналмилалии дифоъ аз журналистон низ аз мавридҳои алоҳидаи бархӯрди мақомоти тоҷик бо хабарнигорон ёд мешавад.
XS
SM
MD
LG