Китоби «Сӯи фардо ҳаст во чашми умед» саросар ҷомеаи коммунистиро васф мекунад ва муаллиф умедвор аст, ки рӯзе ин сохтори аз миён рафта, «аз буғзи дилҳо таваллуд мешавад.»
Рустам бар ин аст, ки дар шеърҳояш орзуву омоли мардумро тараннум мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд, зиндагии беҳтаре дорад, аммо наметавонад аз ранҷу дарди сокинон чашм пӯшад: «Дуруст аст, ки зиндагии ман аз яку ду хубтар аст. Шукри Худо, аммо ростӣ розӣ нестам ба чунин зиндагӣ. Дар замони советӣ ҳаққу ҳамсоя ҳама зиндагии баробар дошт, ҳоло не. Ман дорам, мебинам, ки бародарам надорад, ҳамсояаам надорад, ҳамон доштагиамро хӯрда наметавонам. Як кас бемор мешавад, касе парвояш надорад, дар беморхона табобат бепул нест. Дар ин хел ҷомеа, одами виҷдондор фақат барои намурдан зиндагӣ мекунад. Дар давраи шӯравӣ ман танҳо кор мекардам, 10-15 нафарро нон медодам. Ҳоло 20 нафар тиҷорат мекунем, аммо ду се нафарро хуб нон дода наметавонем.»
Бо чунин андешаҳои коммунистӣ, Аламхонзода узви ҳизби коммунист нест, зеро ӯ ҳанӯз ҳам худро барои шомил шудан ба ин ҳизб арзанда намедонад.
Шариф Сафаров, раиси Ҳизби коммунистӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳарчанд Аламхонзода узви ин ҳизб нест, аммо бо аъзои онҳо ҳамақида ҳаст. Ӯ аз Аламхонзода барои нигоштани «воқеият дар чунин шароити мушкил, дигар накардани афкораш ва носипос набуданаш ба қадршиносиҳои ҳукумати шӯравӣ» ситоиш кард.
Аммо дар ин миён бархе ҷавонон баръакси назари боло Аламхонзодаро дорои ақоиди маҳдуд ва кӯҳнапараст унвон мекунанд. Акобири Ҷабборзода, як шоири ҷавон мегӯяд, ӯ ҳанӯз дар бораи он чизҳое андеша мекунад, ки ба воқеият баргаштанашон номумкин аст.
«Тайи 80 сол ҷомеаи коммунистиро васф карданд. Агар ба дард хӯрад, ҳамон кифоя ҳаст. Ҳоло замон дигар аст ва андеша низ бояд дигар шавад. Аммо мо ҳам ба ашъору ба рафтори Аламхонзода бо омӯзиш бояд нигарем. Бубинед, идеологияи шӯравиро, ки бо гузашти 20 сол ҳанӯз ҳам аз зеҳн нарафтааст ва онро васф мекунанд.»
Аммо Аламхонзода мегӯяд, наметавонад, зиндагии ҳозираро дар ашъораш васф кунад: "Партияи зиёд дорем, аммо ягон тоаш мардумро соҳибӣ намекунанд. Як партия коммунистӣ буд, ҳамаро соҳибӣ мекард, зиндагӣ хуб буд.
Як партия буд раҳбари мо,
Мебурд раҳе, ки буд аёнам.
Дилсӯзтарини рӯи олам,
Душман ба ҳама ситамгаронам.»
Китоби «Ҳаст сӯи фардо во чашми умед» ҳанӯз ду сол қабл ба нашр расида буд, аммо «бинобар кам будани адади нашр» муаллиф маҷбур шудааст онро дубора бо теъдоди ҳазор нусха ба нашр расонад. Дар нашри ин китоб беш аз 3 ҳазор сомонӣ сарф кардааст.