Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фейсбук то кай "хомӯш" мемонад?


Раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон маҳдудияти дастрасӣ ба "Фейсбук"-ро мушкили фаннӣ хонд.

Бек Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон «фармоишӣ» будани маҳдудияти дастрасӣ ба "Фейсбук"-ро дар ҳоле рад мекунад, ки номаи расмии ӯ ба ширкатҳои интернетии Тоҷикистон дар мавриди боздоштани фаъолияти чанд сомона дар Тоҷикистон дастраси матбуот шуд.

Дар ин нома бо имзои расмии Бек Зуҳуров навишта шудааст, ки «Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки бинобар гузаронидани корҳои профилактикӣ техникӣ, дастрасиро ба сомонаҳои maxala.org, Звезда.ру,ТҶК нюс, ва Сентразия қатъ намоед. Таърихи 2 марти соли 2012."

Бег Зуҳуров, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ низ гуфт, ки маҳдудияти дастрасӣ ба баъзе торнамоҳо, аз ҷумла шабакаи маъруфи "Фейсбук" иллати фаннӣ дорад. Вале ҳамзамон ба нигарониҳои хадамоти таҳти назари худ ишора кард: «Бовар кунед дар ҳамин шабурӯз Хадамот бисёр дар ташвиш аст. Бидуни санҷиш бидуни анализ ба шахсияти инсонҳо мерасанд. Ҳақиқат менависанд ва ё дуруғ менависанд бояд имзои худ, номи худро зери он нависонанд. Одамон аз интернет ояндаи хубро диданӣ ҳастанд. Мо бояд ягон коре кунем, ки вақте ҳар касе менависад, бояд номи худро ҳам ишора кунад. Вақтҳои охир интернетро ба бозори сиёҳ табдил додаанд.»

Бег Зуҳуров
Бег Зуҳуров
Раиси Хадамоти алоқа дар гузашта низ гуфта буд, ки баъзе торнамоҳо бо нашри мақолаҳое шаъну эътибори ҳукумати Тоҷикистонро паст мезанад ва ашхоси манфиатдор мехоҳанд оромии кишварро аз байн бубаранд. Ба назари ҷаноби Зуҳуров, акнун фурсате расидааст, ки муаллифи ингуна мақолаҳо ошкор ва ба додгоҳ кашида шаванд.

Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки қатъ карда шудани торнамоҳои русии "Звезда.ру", "Тҷкнюс" "Сентразия", "maxala.org" аз ангезаҳои сиёсӣ иборатанд, зеро ахиран дар сомонаи Звезда. рӯ мақолае таҳти унвони «Тоҷикистон дар остонаи инқилоб» ба нашр расидааст, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон танқид шудааст. Ин мақола дар торнамоҳои дигар, ки масдуд карда шудаанд ба нашр расидааст. Дар дохили мақола чанд асноде, ки зери онон муҳри сирӣ зада шудааст, яке ба Дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва дигар ба вазорати умури дохилӣ нисбат дода мешаванд, ба чоп расидаанд.

То кунун дар бораи ин ҳуҷҷатҳо, ки чӣ гуна ба дасти торнамоҳо расидааст иттилое ҷой надорад ва мақомоти ҳукумати Тоҷикистон низ дар робита ба ин санадҳо изҳори назаре ҳам накардааст.

Тавре ин сомонаҳо овардаанд, ҳуҷҷатҳои мазкур нишон медиҳанд, ки ба мақомоти амниятиву милиса ва Кумитаи дин дастур дода шудааст, ки фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ, «хусусан масъулону раҳбарони сохторҳои ибтидоии онро таҳти назорати қатъӣ ва доимӣ» қарор диҳанд.

Шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар як соли ахир ба майдони дӯстдоштаи ҷавонони тоҷик табдил шуда ҳоло то 30 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон рӯзона чанд соатро дар ин майдон сипарӣ мекунанд. Бархе аз коршиносон иллати баста шудани Фейсбукро маҳз дар ҳамин маҳбубият мебинанд ва ҳамчунин дар таҷрибаи “баҳори араб”, ки иштирокдоронаш аксаран ҷавонҳо буданд.

Эраҷ Саодатсайров, коршиноси мустақил
Эраҷ Саодатсайров, коршиноси мустақил
Эраҷ Саодатсайров, як коршиноси мустақил мегӯяд, дунё дигар шудааст ва дигар бо ин роҳ даҳони мардумро бастан имкон надорад: «Ман чунин хулоса мекунам, ки ба даҳони мардум пунба задан фоида надорад, чун пунбаро аз даҳонаш бигирӣ боз садош баланд мешавад. Боз як роҳи дигар пайдо мешавад. Мардум бо ҳар роҳе набошад фикри худро баён медорад. Интернет бисёр ҷои мувофиқ аст. Аз назари сиёсӣ ҳам агар бигирем, манъ кардани интернет зарараш бештар аст аз фоидааш.»

Ин дар ҳолест, ки Парвина Ибодова, раиси Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи интернет гуфт, ки «тадбир»-и мақомот оҳанги баръакс хоҳад дод ва як навори таблиғи ширкатҳои интернетӣ хоҳад буд. Ба қавли хонум Ибодова, роҳҳои дигаре ҳоло вуҷуд дорад, ки мардум метавонанд вориди Фейсбук шаванд: «Ҳарчанд Фейсбук дар ширкатҳои интернетӣ қатъ карда шудааст, вале агар шумо симкарти интернетҳои мобилии ширкатҳои телефонии «Тсел», «Мегафон», «Билайн»-ро дошта бошед, аз тариқи модеми «три ҷӣ» метавонед «Фейсбук»ро боз кунед.»

Парвина Ибодова
Парвина Ибодова
Парвина Ибодова афзуд, ки дар робита ба қатъ шудани фаъолияти Фейсбук дар Тоҷикистон, Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи интерентии Тоҷикистон баёния пахш намуда ин амали мақомоти давлатиро нодуруст мешуморад.

Дар ҳамин ҳол Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳор дошт, ки бинобар интишор ёфтани санадҳои мақомоти Тоҷикистон дар торнамои Звезда.ру ва дигар сомонаҳои байналмилалӣ, ки ба сарнавишти Ҳизби наҳзати исломӣ ва аъзои он иртибот дорад, рӯзи панҷшанбе нишасти изтирории Шӯрои сиёсии ҲНИТ баргузор ва мавқеи худро дар баробари ин мақола расман баён хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG