Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Обама дар бораи музокироти ҷанг бо Эрон


Барак Обама
Барак Обама
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба раҳбарони Эрон ҳушдор дод, ки барои пешгирии Эрон аз дастрасӣ ба аслиҳаи ҳастаӣ аз истифодаи ниру худдорӣ нахоҳанд кард.Обама рӯзи якшанбе гуфт, “бо Эрон имкони музокироти зиёде дар бораи ҷанг аз даст рафтааст” ва вай дар зимн ба аҳамияти ин масъалаҳо таъкид кард. Обама ин нуктаро зимни суханронии худ дар ҷаласаи кумитаи равобити умумии Амрикову Исроил баён дошт, дар ҷаласае, ки Шимон Перес-раиси ҷумҳури Исроил низ ширкат мекард.

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, боз доштани Эрон аз идомаи барномаҳом аслиҳаи ҳастаиаш на танҳо ба суди Исроил, балки дар маҷмӯъ ба суди Амрико ва кишварҳои Ховари Миёна низ ҳаст. Обама афзуд, агар Эрон соҳиби аслиҳаи ҳастаӣ шавад, кишварҳои дигар низ дар яке аз нооромтарин минтақаҳои ҷаҳон талош хоҳанд кард, ки соҳиби чунин аслиҳа шаванд ва бад-ин тариқ дар минтақа мусобиқаи аслиҳаи ҳастаӣ шурӯъ мешавад.

Обама гуфт, ки ҳоло Эрон соҳиби аслиҳаи ҳастаӣ нашудааст ва Амрикову Исроил аз наздик густариши барномаҳои ҳастаии Эронро назорат мекунанд. Вай хост, ки барои муддате таҳримҳои байналмиллалӣ ба Эрон ҷорӣ шавад, то Эрон зери таъсири он барномаҳои иҷоди аслиҳаи ҳастаии худро боздорад.
XS
SM
MD
LG