Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси конститутсияи нав дар порлумони Миср


Порлумони Миср дар пайи таҳияи Қонуни асосии нави ин кишвар аст. Сад нафар аз аъзои он ба ҳайате шомил шуданд, ки бояд матнро омода кунад. Ин нахустин конститутсияи Миср баъд аз барканории раҳбари дарозмуддати кишвар Ҳуснӣ Муборак хоҳад буд, ки бо ошӯби мардумӣ аз мақомаш истеъфо дод. Бархе аз аъзои порлумон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки қонуни нави асосии Миср таҳти таъсири исломгароён навишта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG