Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро Фейсбук баста шуд?


Аксари ширкатҳои ироакунандаи интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба чанд сомонаи интернетӣ, аз ҷумла шабакаи Фейсбукро қатъ кардаанд.

Бино ба иттилои бархе манобеъи наздик ба ширкатҳои мухобиротӣ, ин тасмим дар пайи як номаи оҷили Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон гирифта шудааст. Дар ин нома аз ширкатҳои мухобиротӣ дархост шудааст, ки «вобаста ба ҳолати ба амаломада», дастрасӣ ба чанд сомона, аз ҷумла шабакаи Facebook.com ва сомонаи русии Zvezda.ru ва Tjknews.com -ро қатъ намоянд. Албатта дастрасӣ ба тҷкнюс.сом аз қабл ҳам баста буд.

То зуҳри рӯзи шанбе бархе аз корбарони Фейсбук имкони ворид шудан ба ин шабакаро доштанд, аммо баъд аз зуҳр афроди бештаре аз қатъ шудани дастрасӣ ба ин шабака шикоят мекунанд. Ҳоло тақрибан ҳамаи ширкатҳои умдаи фароҳамкунандаи интернет ин дархости Хадамоти алоқаро иҷро кардаанд. Ва фақат бархе ширкатҳои мобилӣ, ки низ ҳамзамон интернет ироа мекунанд, ҳанӯз ин саҳифаро боз мондаанд.

Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи "Азия плюс"
Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи "Азия плюс"
Аммо қатъи дастрасӣ ба Фейсбук як амри ғайри интизор буд ва ангезаи ин иқдоми мақомот чист? Гуфтанист, аз ду рӯз ба ин сӯ ба шиддат дар миёни сокинони Душанбе овозаи дар сомонаи звезда.ру нашр шудани як дастури махфии раёсати ҷумҳурӣ ва вазорати корҳои дохилӣ паҳн шудааст. То кунун даҳҳо сомонаи дигар ин матлабро бознашр кардааст.

Дар он матлаб ва асноди нашршуда, ки ҳақиқӣ ва ё тақаллубӣ будани онро ҳоло касе таъйид накардааст, даъват ба таъқиби сиёсии фаъолон, ширкатдорони тазоҳуротҳои соли 1992 ва аъзои феълии ҲНИТ ҷой дорад. Ин матлаб, ки бо мӯҳри махфӣ интишор шудааст, тавассути шабакаи иҷтимоӣ ба шиддат паҳн шуд ва боиси баҳси фаъолони шабакаҳо қарор гирифт.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:20 0:00
Линки мустақим


Ба назари таҳлилгарон, як иллати иқдоми оҷилонаи ҳукумат метавонад ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин ҳуҷҷат бошад. Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи «Азия плюс» мегӯяд: «Ман фикр мекунам, ки бо эҳтимоли зиёд ин иқдом вабаста ба нашри ҳамон матлаб дар сомонаи полярная звезда ё ситораи қутбист. Ҳоло наметавонем бигӯем, ки ин санадҳо аслӣ ҳастанд ё не. Инро бояд таҳқиқ намуд. Ҳоло бояд бубинем, ки ҳукумат чӣ вокунише мекунад. Ба фикрам бояд ба додгоҳ муроҷиат кунад. Зеро ин санаде, ки мунташир шудааст, мавридҳои зидди конститутсионӣ ва даъват ба таъқиби сиёсӣ дорад. Ин санад ба шиддат обрӯи ҳукумати Тоҷикистонро коста мекунад.»

Зафар Абуллоев, таҳлигари тоҷик
Зафар Абуллоев, таҳлигари тоҷик
Аммо бархе аз таҳлилгарони дигар, мегӯянд, ки фаъол шудани шахсиятҳои мухталиф ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, аз муддатҳо ба ин сӯ боиси нигаронии мақомот буд. Ва иттифоқи мазкур баҳонае бештаре шуд барои шитоб бахшидан ба иқдоми мақомот барои бастани Фейсбук.

Зафар Абуллоев, таҳлигари тоҷик ва аз фаъолони Фейсбук мегӯяд, ин талоше барои гирифтани пеши роҳи муколамаи гурӯҳҳои гуногуни мухолифи ҳукумат дар Фейсбук буд. Зеро ин шабакаи иҷтимоӣ ба як майдони гуфтугӯи гурӯҳҳои мухталиф, аз ҷумла Додоҷони Атовулло ва пешвоёни дигаре шудааст, ки дар хориҷ ба сар мебаранд. Ва гузашта аз ин, барои бори аввал як қонун - тарҳи Кодекси андози Тоҷикистон дар ин шабака мавриди баҳс аст.

Оқои Абдуллоев инчунин мегӯяд: «Дар чанд вақти охир шаҳрдори Душанбе ва мақоми дуввуми давлат ҳам ба Фейсбук ва шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекард. Ва дар ду рӯзи пеш нахустин саҳифаи худро дар Фейсбук боз кард ва шарҳҳои зиёде ҳам ба ин саҳифа навишта шуд. Шояд ба ҳукумат боз будани ин шахсият ва ба мардум наздик шудани ӯ писанд намояд. Фарзияҳои дигар
Асомиддин Атоев, коршиноси масоили иртиботот
Асомиддин Атоев, коршиноси масоили иртиботот
ҳам вуҷуд дорад. Бархе таҳлилгарон дар ин ҳафта навиштанд, ки Осиёи Марказӣ дар навбати инқилобҳои арабӣ аст. Ва шояд ба манзури пешгирӣ аз ҳодиса, мақомот даст ба кор шуданд. Аммо дар ҳар сурат, ин иқдом ҷомеаро бештар радикал ва ба ҳукумат бадбин мекунад.»

Аммо бо вуҷуди қатъ шудани дастрасӣ ба Фейсбук, ҳамчунон бархе корбарони ин шабака тавассути роҳҳои рамзшикан вориди он шуда ва аз он истифода мекунанд.
Асомиддин Атоев, коршиноси масоили иртиботот мегӯяд, ки дар асри ҳозир имкони маҳдуди дастрасӣ ба шабакаҳои интернетӣ тақрибан кори ғайри имкон аст. Ва гузашта аз он, ин иқдом мухолифи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи истифодаи интернет ва тааҳҳудоти ин кишвар дар назди аҳдномаҳои байналмимлалӣ мебошад.

Тоҷикистон қабл аз ин, дастрасӣ ба сомонаҳои «Фергана.ру» ва «Центразия.ру»-ро маҳдуд карда буд.
XS
SM
MD
LG