Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз барқарории муносиботи дипломатӣ бо Олмон 20 сол мегузарад


Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Берлин
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Берлин
Аз барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Олмон 20 сол мегузарад. Соли 1991 Олмон истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор кард. Олмон нахустин кишвари берун аз густураи Шӯравии собиқ буд, ки Тоҷикистон соли 1994 дар пойтахти ин кишвар дар Берлин сафорати худро боз кард. Имомуддин Сатторов-сафири Тоҷикистон дар Олмон ба радиои Озодӣ гуфт:

“Байни Тоҷикистону Олмон бештар аз 40 санади ҳамкориҳои дуҷониба вуҷуд дорад. Ин санадҳо ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад”.

Ба муносибати 20 солагии барқарории равобити дипломатӣ 29 феврал дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Берлин маросиме баргузор шуд. Дар он намояндагони доираҳои расмии Олмон ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Олмон ширкат карданд. Дар ин маросим ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам ҷониби Олмон хостори густариши ҳамкориҳои бештари миёни ин ду кишвар шуданд.
XS
SM
MD
LG