Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Голи дарвозабон ба дарвозаи худ...


Ягон бор дидаед, ки дарвозабон гол занад? Шояд чунин ииттифоқ афтода бошад. Ба ҳар ҳол байни ду дарвоза фосила зиёд аст.

Аммо дидаед, ки дарвозабон ба дарвозаи худ гол занад. Рӯзи чаҳоршанбеи 29-уми феврал дарвозабон Осаф Мендез ба дарвозаи худ голе зад, ки дар таърихи футбол хеле кам рӯй додааст ё шояд иттифоқ наафтода бошад. Аслан, голро на худи Мендез, балки шамол ба дарвозаи ӯ зад.

Ин бозии дӯстонае буд миёни дастаҳои “Маккабӣ”-и Ҳайфа дар Исроил бо дастаи “Динамо”-и Киев. Суръати бод айнан замоне қавӣ шуд ва тӯбро бозгардонд, ки дарвозабон Мендез мехост, тӯбро ба нимаи майдони ҳариф бизанад, дуртар аз дарвозаи худ...

Голи таърихиро дар ин навори видео бубинед.

XS
SM
MD
LG