Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши "нақшавӣ"-и расонаҳои мустақили Душанбе


Мақомоти Тоҷикистон ба тафтиши густардаи фаъолияти расонаҳои мустақил пардохтаанд. ББС- ношири ин хабар мегӯяд, маъмурони додситонии кулл, хадамоти молиёт ва кумитаи радио ва телевизион тафтиши оғозшуда дар радиои “Имрӯз”, иттиҳодияи эҷодии “Чархи гардун”, телевизиони мустақили СМТ ва 4 чопхонаро “нақшавӣ" унвон кардаанд. Вале хабарнигорон гуфтаанд, ки ин иқдом зоҳиран ба наздик шудани интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бастагӣ дошта, Душанбе мехоҳад фаъолияти матбуоти мустақилро таҳти назорати комил бигирад.
Тафтиши кори расонаҳои мустақили Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки дар Тоҷикистон ба таҷлил аз 100-солагии матбуоти тоҷик омодагӣ мегиранд.
Чанде пеш эълон шуд, ки дар арафаи 100-солагии матбуот раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони тоҷик мулоқот хоҳад кард.
Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири ҳафтаномаи “Фараж” ва раҳбари Медиа-Алянси Тоҷикистон ба ББС гуфтааст, тафтишҳои ахир шояд як навъ “омодагӣ”-и мақомот ба ин мулоқоти деринтизори хабарнигорон бо Эмомалӣ Раҳмон ҳам бошад. Яъне матбуотро бо тафтишҳо метарсонанд, ки дар сӯҳбат бо президент мавзӯъҳои нобобро набардоранд ва суоле нобоб надиҳанд, мегӯяд Хуршеди Атовуллоҳ.
XS
SM
MD
LG