Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба НАТО роҳ боз хоҳад кард?


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон то ҳол изҳороти генерали амрикоиро тасдиқ ё рад накардааст.

Мақомоти Тоҷикистон изҳороти генерали амрикоӣ дар мавриди мувофиқат барои хуруҷи мошинҳои зиреҳпӯши нерӯҳои Амрико тавассути Тоҷикистон аз Афғонистонро тасдиқ ё рад намекунанд.

Рӯзи сешанбе ҳангоми арзёбии ин масъала дар Сенати ИМА генерали нерӯҳои ҳавоии ИМА Вилям Фрейзер ба вакилони мардумии ИМА гуфт, имкони интиқоли мошинҳои зиреҳпӯш ва силоҳи ғайрикушанда аз Афғонистон тавассути Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таҳқиқ мешаваду кишварҳои ёдшуда ба интиқоли муҳимот аз Афғонистон аллакай мувофиқат кардаанд.
Фрейзер афзуд, ки Русия ва Узбакистон ҳам ин тарзи интиқоли муҳимоти низомии ИМА-ро пуштибонӣ кардаанд.

Фармондеҳи нерӯҳои ҳамлу нақли артиши Амрико генерал Вилям Фрейзер дар ду ҳафтаи пеш аз Тоҷикистон боздид ва бо вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев дидору гуфтугӯ анҷом дода буд.

Фарҳод Ибодуллоев, аз масъулони дафтари матбуотии вазорати дифои Тоҷикистон дар ин бора гуфт, "дар мулоқот ҷонибҳо масоили вобаста ба густариши ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникӣ ва дигар самтҳои ҳамкории вазоратиҳои дифои Тоҷикитсону Амрикоро мавриди муҳокима қарор дода буданд. Умуман дар мулоқот роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни муносибатҳои низомӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин замина ягон санади ҳуқуқӣ ба имзо нарасида аст."

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон
Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон
Ин дар ҳолест, ки дар иттилоияи сафорати Амрико зимни ин сафар омада буд, ки генерал Фрейзер барои ҳамкорӣ ва дастгирии бардавоми Тоҷикистон ба мақомоти ин кишвар ибрози ташаккур намудааст. Боздиди ин генерали амрикоӣ аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сафари кории ӯ аз кишварҳои аврупоӣ ва Осиёи Миёна анҷом шуда буд.

Аммо генерал Фрейзер гуфтааст, ки Русия ва Узбакистон ҳам ин тарзи интиқоли муҳимоти низомии ИМА-ро пуштибонӣ кардаанд. Моҳҳои ахир интиқоли бор ба Афғонистон бо мушкил мувоҷеҳ шуда буд. Зеро Покистон пас аз куштори як идда сарбозони артиши ин кишвар дар марз бо Афғонистон рафтуомади корвони нерӯҳои байналмилалӣ ба Афғонистон тавассути Покистонро манъ кард.

Хулоса, дар пайи ин баҳсу талошҳо бо Покистон роҳи шимолии интиқоли бор (НДН) фаъол шуд. Борҳо то баҳри Балтик ва Баҳри Сиёҳ интиқол ёфта, аз он ҷо бо роҳи заминӣ ба Афғонистон фиристода мешаванд. То кунун ин роҳ дар як самт фаъол аст, яъне бор ба Афғонистон интиқол меёбад ва фармондеҳони амрикоӣ саъй доранд, роҳи баръакс, яъне интиқоли бор аз Афғонистон ба хориҷро низ фаъол кунанд.

Ба гуфтаи коршиносони умур, дар сурати амалӣ шудани ин тарҳ васоилу муҳимоти артиши Амрико аз Афғонистон асосан тавассути пули Панҷи Поён ва гузаргоҳи Кокули Фархор ба Тоҷикистон ва аз ин ҷо тавассути роҳи заминӣ то Қирғизистон ва ё тавассути қатор аз тариқи Узбакистон ба Қазоқистон интиқол хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки бино ба гуфтаи манобеи вазорати дифои Тоҷикистон қарор аст, рӯзи 1-уми март вазири мудофиаи Бритониё Филип Ҳаммонд аз Тоҷикистон боздид кунад. Ба эҳтимоли зиёд як мавзӯи аслии мулоқоти ӯ низ бо мақомоти Тоҷикистон истифода аз масир ё роҳи шимол барои хуруҷи васоили нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон хоҳад буд.

Вазири бритониёӣ гуфтааст, таъмини роҳҳои берунрафт хеле муҳим аст, зеро амалиёти хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон бояд то охири соли 2014-ум ба анҷом расад. Ба қавли Ҳаммонд дар ин муддат нерӯҳои мусаллаҳи Бритониё вазифадоранд, ки 11 000 контейнер ва тахминан 3 000 мошини зиреҳпӯшро аз Афғонистон ба Бритониё интиқол диҳанд.
XS
SM
MD
LG