Муовини дабири кулли СММ дар умури сиёсӣ Линн Паско ба Шӯрои Амният гуфт, шумори афроди кушташуда дар Сурия ба тақрибан 7500 нафар расидааст. Паско гуфт, «гузоришҳои мӯътамаде ҳаст, ки ҳар рӯз беш аз 100 тан, бо шумули шумори зиёди занону кӯдакон, кушта мешаванд.» Ӯ ҳамин тавр, шумори беҷошудагон дар дохили Сурияро аз 100 то 200 000 баршумурд ва афзуд, ҳудуди 25 000 нафар ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурдаанд. Паско гуфт, нокомии ҷомиаи ҷаҳонӣ ба иқдоми шадид ба режими Сурия паёми ғалат додааст.