Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 4 мансабдори афғон бо гумони ҷосусӣ


Лутфуллоҳ Машъал
Чор мақоми афғон ҳанӯз як моҳ пеш бо гумони ҷосусӣ ба фоидаи кишварҳои ҳамҷавори Эрону Покистон дастгир шудаанд. Сухангӯи Идораи амнияти миллии Афғонистон Лутфуллоҳ Машъал гуфт, “ин боздоштҳо бар пояи шавоҳиди мушаххас сурат гирифтаанд.” Ӯ аз ифшои ҷузъиёти бештар худдорӣ кард. Аммо манобеъи амниятии афғон бидуни бурдани ном хабар додаанд, ки як дипломати аршад дар бахши Осиёи вазорати хориҷа ба таҳвили иттилоот ба идораи кашфи Покистон айбдор мешавад. Се гумонбари дигар кормандони давлатӣ дар вилоёти Нангарҳор, Фароҳ ва Ҳирот будаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG