Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: Ҳузури Амрико дар Афғонистон бепоён нест


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар Конгресс гуфт, ҳузури Амрико дар Афғонистон “тааҳҳуди бепоён нест” ва барномаи раиси ин ҷумҳурӣ Барак Обама барои хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ то поёни соли 2014 ба қувваи худ боқист. Клинтон ба кумитаи равобити хориҷии Сенат гуфт, Амрико ва ёронаш дар НАТО дар беҳбуди вазъи амниятӣ пешрафти диданӣ кардаанд, ки Амрикоро амнтар сохта, барои Афғонистон имкони ояндаи беҳтареро эҷод мекунад. Хонум Клинтон ҳамчунин гуфт, раҳбари Сурия Башор Асад шабеҳи ҷинояткори ҷанг шудааст.
XS
SM
MD
LG