Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чаҳор нафар дар робита ба таркиш дар Астрахан


Дар робита ба таркиши балони газ дар як хонаи бисёрманзилаи шаҳри Астрахан парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Дар робита ба ин ҳодиса чаҳор нафар – кормандони ширкати “Астрахангазсервис” ва раиси ЖЭК боздошт шуданд.

Имрӯз сарвазири Русия Владимир Путин барои ошноӣ бо вазъ вориди Астразан шуд.

Дар ҳамин ҳол теъдоди қурбониёни таркиш то ба 8 нафар афзоиш ёфт. Сарнавишти ду нафари дигар то ҳол рӯшан нест. 18 нафар ҷароҳат бардоштанд, панҷ нафари онҳо ба бемористон интиқол ёфтанд.

Амалиёти ҷустуҷӯву наҷотбахшӣ идома дорад, то ҳол 26 нафар аз зери оворҳо берун карда шуданд.

Таркиши балони газ дар яке аз манзилҳои ошёнаи сеюм рӯх дод ва дар натиҷа як қисмати бино комилан фурӯ рехт. Яке аз фарзияҳои таркиш - талоши худкӯшии як сокини хона арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG