Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди номзадҳои ҷумҳурихоҳ аз узрхоҳии Обама


Митт Ромнӣ
Митт Ромнӣ
Аз 4 номзади ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико 3 нафараш гуфтаанд, ки раиси ин ҷумҳурӣ Барак Обама барои сӯзондани китобҳои “Қуръон” дар пойгоҳи НАТО дар Афғонистон набояд узр мехост. Митт Ромнӣ гуфт, бо назардошти қурбониҳо ва баҳое, ки нирӯҳои Амрико дар Афғонистон мепардозанд, “узр хостан дар чунин давра корест ки дарки он барои мардуми Амрико хеле сахт аст.” Нют Гингрич гуфт, раванди “якҷониба”-и узрхоҳӣ аз ҳадд гузаштааст ва “дархости узрхоҳӣ аз сӯи Карзай дида намешавад.” Рик Санторум бо лаҳни боз ҳам тундтар гуфт, хушунату қатлҳои баъдӣ дар Афғонистон ҳокист, ки "дар ин ҷо ҷинояти воқеъӣ на кори кардаи сарбозони мост.” Бо ин ҳол, дирӯз, дар рӯзи шашуми эътирозҳо алайҳи сӯзондани китобҳои Қуръон” дар як пойгоҳи НАТО дар Афғонистон боз дастикам як тазоҳургар кушта ва 7 сарбози Амрико захмӣ шуд. Ҳалокати тазоҳургар ва ҳамла ба сарбозони амрикоӣ дар шаҳри Имомсоҳиби вилояти шимолии Қундуз иттифоқ уфтодааст. Тайи 6 рӯзи эътирозҳо дар Афғонистон ҳудуди 30 кас кушта шуд ва раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дирӯз ҳамаро ба оромӣ хонд.
XS
SM
MD
LG