Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Алмосбек Отамбоев ба Русия


Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон бори дигар изҳор намуд, ки Русия се сол боз барои иҷораи пойгоҳи ҳавоии Кант маблағ пардохт накардааст.

Сарвари Қирғизистон ба радиои “Эхо Москвы” гуфт, ки агар Маскав 15 миллион доллари қарзро напардозад, ба думболи пойгоҳи ҳавоии амрикоӣ дар фурудгоҳи Манас пойгоҳи Русия ҳам баста хоҳад шуд.

Отамбоев афзуд, ин мавзӯъро ӯ чанд рӯз пеш дар мулоқот бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ҳам матраҳ карда буд.
XS
SM
MD
LG