Дар шаҳри Гомба, воқеъ дар шимолу шарқи Нигерия, бар асари ҳамлаи афроди ношинос ба қароргоҳи полис 14 нафар кушта шуданд. Ҳамлагарон ҷасадҳои кушташудагонро оташ заданд.
Гурӯҳи дигари мусаллаҳ ба хотири раҳоии маҳбусон ба зиндони шаҳр ҳамла кард ва аммо ноком шуд.
Масъулияти ҳамлаҳоро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст ва аммо мақомот ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳи исломии “Боко Ҳаром” кардаанд. Моҳи гузашта ин гурӯҳ дар шаҳри Кано чанд ҳамлаи террористӣ анҷом дод, ки бар асари онҳо беш аз 150 нафар кушта шуданд.