Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Падармурдаро соя ба сар фикан"


Комил Арешов мегӯяд, дили инсон аз дидани ҳоли баъзе аз ятимон реш мешавад.
Комил Арешов мегӯяд, дили инсон аз дидани ҳоли баъзе аз ятимон реш мешавад.

Баъзеҳо ба “Фейсбук” танҳо барои ғайбату беҳудагӯӣ меоянд, вале баъзеи дигар онро ба ҳайси абзоре барои хайру накӯкорӣ истифода мекунанд.

Комил Арешов, ҷавони тоҷикистониро метавон ба гурӯҳи дуввум дохил кард, ки бо таъсиси гурӯҳи “Кӯмак ба кӯдакони Тоҷикистон” барои ятимону кӯдакони корҳои савобе кардааст. Комил сӯҳбат бо РО аз таърихи таъсиси гурӯҳ оғоз кард:

Комил: “Аз ин пеш ман то омаданам ба Тоҷикистон ман дар як ширкате дар Алма-ато ба ҳайси муовини тиҷории раиси як ширкат кор мекардам. Чун зиндагии худам осон набуд, аксар вақт доир ба кӯдакони ятимхонаҳо дар Тоҷикистон фикр мекардам ва онҳоро хуб дарк мекардам. Аз ин рӯ қарор кардам, ки аз Қазоқистон ба Тоҷикистон баргардам ва барои кӯмак ба кӯдакон кор кунам. Мо 14-уми декабри соли гузашта гурӯҳи худро дар Фейсбук сабт кардем ва ҳоло саъй дорем, як чунин созмони имдодӣ ва ё бунёди хайрия дар вазорати адлия сабти ном кунем. Айни ҳол мо аз роҳи навиштани эълонҳо дар Фейсбук барои корҳои хайр дар ҳаққи ятимон пул ҷамъ мекунем, ба ман бисёриҳо занг мезананд, пул мефиристанд, ё худам ҷамъ мекунам. Чанд бор аз Маскав ҳам ба мо пул фиристоданд. Дар соли нав, ки мо дар ду ятимхонаи Душанбе ва як ятимхонаи ноҳияи Рӯдакӣ чорабиниҳои хайрия ташкил кардем, аз ҳисоби пули хайрияи баъзе бачаҳо ва аксаран ҳисоби худам буд."

Радиои Озодӣ: Ба назари шумо "Фейсбук" абзори хубе барои ҷалби кӯмак ба кӯдакон метавонад бошад?

Комил: “Дар воқеъ бо гузашти вақт эҳсос мешавад, ки Фейсбук як абзори хубе барои иртибот бо ҷомеа аст. Аз ин роҳ зуд бо мардум иртибот барқарор мекунӣ, аксари аъзои
Толори варзишии парваришгоҳи кӯдакони гирифтори фалаҷи афтол дар Хирманак.
Толори варзишии парваришгоҳи кӯдакони гирифтори фалаҷи афтол дар Хирманак.
гурӯҳи мо дар Фейсбук ҳастанд ва аксаран аз эълону чорабиниҳо аз ҳамин фейсбук хабардор мешавем. Ҳоло дар Гурӯҳи кӯмак ба кӯдакон дар Фейсбук тақрибан 700 нафар ҳастанд ва теъдоди аъзои гурӯҳ рӯ ба рӯз зиёд мешавад. Ҳоло мо дар андешаи боз кардани торнамои худамон ҳастем ва фикр мекунам, аъзои гурӯҳи мо бештар хоҳад шуд.“

Радиои Озодӣ: Ба ғайр аз кӯмак ба се ятимхона ва ё парваришгоҳе ки кардед, намунаи дигаре доред, ки бигӯед?

Комил: “Ҳоло мо кӯмакро ба Парваришгоҳи кӯдакони гирифтори бемории фалаҷи атфол дар рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор шурӯъ кардем. Мо дар онҷо як чорабинӣ доштем, як рӯз дар онҷо будем, бо кӯдакон бозӣ кардем ба онҳо васоили мактабӣ ва мева ҳадя кардем барои ҳар як кӯдак дар коргоҳи хайётӣ, либоси мактабӣ дӯхта ба онҳо додем. Ҳамчунин як зиёфати бузург барои сад нафар оростем. Ҳоло мехоҳем дар онҷо як ҳавзи оббозӣ барои кӯдакон бисозем. Тавре медонед, дар онҷо оби шифобахши маъданӣ ҳаст, ки барои сиҳатии кӯдакони гирифтори фалаҷи атфол муфид аст. Ман зуд-зуд барои ҷамъ кардани иттилоъ барои бунёди ҳавз ба онҷо сафар мекунам. "

Радиои Озодӣ: Вақте ба ятимхонаҳо меравед, кӯдакони ятим ва ё маъюбро мебинед, чӣ эҳсосе шуморо фаро мегирад?

Ин ягона ҳаммом барои бештар аз 300 кӯдак дар парваришгоҳи Хирманак аст.
Ин ягона ҳаммом барои бештар аз 300 кӯдак дар парваришгоҳи Хирманак аст.
Комил: "Дигаронро намедонам, аммо Худо нишон накунад, ман фикр мекунам, ин хонаи худам аст ва ба мисли фарзанди худам дилам барои ҳар яки онҳо реш мешавад. Ҳолати риққатоваре маро фаро мегирад, зеро кӯдакон либоси дуруст надоранд, бо ғизои дуруст таъмин нестанд, шароити оддии зиндагӣ нест, туалет ва ё ҳаммом надоранд, ки оббозӣ кунанд. Агар мо миллионҳо медоштем, вазъи ятимхонаҳоро дар як рӯз беҳтар мекардем, аммо мутаасcифона ҳоло ин имконро надорем, ки ҳамаи мушкилоти онҳоро якбора ҳал кунем, аз ин рӯ ончӣ аз дастамон меояд, оҳиста оҳиста мекунем. Ба тадриҷ бунёди кӯмак ба кӯдаконро таъсис медиҳем, афроди зиёдтарро ҷалб мекунем ва мехоҳем ба ин чорабиниҳо ҳукуматро низ ҷалб кунем."
XS
SM
MD
LG