Дар мавҷи бомбгузорӣ ва тирандозиҳо дар Ироқ рӯзи панҷшанбе ба камияш 60 нафар кушта ва 225 тан захмӣ гаштаанд. Ин ҳамлаҳо асосан пойгоҳҳои амниятии манотиқи шиъанишинро ҳадаф гирифтаанд. То ҳоло касе худро масъули ҳамлаҳо эълон накардааст. Аммо Вазорати умури дохилии Ироқ мегӯяд, гурӯҳҳои марбут ба ал-Қоида мехоҳанд, ба хушунатҳои байнимазҳабӣ доман зананд. Созмони Милал ва Иёлоти Муттаҳида ин ҳамлаҳоро маҳкум карданд.