Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: Сомалӣ ба ҳукумати босубот ниёз дорад


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Сомалӣ дар вазъи сангин қарор дорад ва ниёманд ба як ҳукумати босубот аст. Ин изҳорти Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба фардои Сомалӣ садо дод. Конфаронс имрӯз дар Лондон бо ширкати ҳайатҳои беш аз 40 кишвар ифтитоҳ шуд.

Хонум Клинтон изҳор намуд, Амрико алайҳи ҳама кишварҳое, ки аз нерӯҳои тахрибкор дар Самалӣ пуштибонӣ мекунанд, таҳримҳо ҷорӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, Вошингтон барои кӯмак ба мардуми ниёзманди Сомалӣ ба таври иловагӣ 64 миллион доллар ҷудо мекунад.

Аз оғози солҳои 90-ум дар Сомалӣ қудрати ягона тақрибан мавҷуд нест, ҳукумати аз сӯи ҷомеъаи байнулмилалӣ пазируфташуда фақат як қисмати кишварро таҳти назорат надорад. Дар ҷануби Сомалӣ гурӯҳҳои наздик ба “Ал-Қоида” ва дар соҳилҳо роҳзанҳои дарёӣ фаъоланд.
XS
SM
MD
LG