Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сафари серӯзаи раисиҷумҳури Қирғизистон ба Маскав


Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмос Атамбоев бо сафари серӯзаи корӣ вориди Маскав, пойтахти Русия шуд. Қарор аст, ӯ дар дидор бо сарони Русия масъалаи таҳкими равобити байни ду кишварро баррасӣ кунад. Пеш аз ин сафараш раҳбари Қирғизистон гуфт, аз Маскав барои ҳузури иншооти Русия дар қаламрави кишвараш иҷора ва ҷубронпулӣ талаб хоҳад кард. Вай ҳамчунин гуфт, пас аз соли 2014 дар Қирғизистон пойгоҳи ҳарбии Амрико боқӣ нахоҳад монд.
XS
SM
MD
LG