Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 кушта дар эътирозҳои Афғонистон


Саркӯбсозии эътирозҳо алайҳи ба оташ кашидани нусхаҳои Қуръон дар пойгоҳи ҳавоии Багром, боиси ҳалокати дасти кам 5 нафар шуд.

Ба гуфтаи табибон ва мақомоти маҳаллии Афғонистон, беш аз 20 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Равшан Холид, як масъули ҳукумати вилояти Парвон, гуфт, ки муқовимати полис ва эътирозгарон фақат дар мавзеъи Шинвор боиси ба ҳалокати се нафар шудааст. Эътирозҳо алайҳи оташ задани нусхаҳои Қуръон дар ин мавзеъи наздик ба пойгоҳи ҳавоии Багром дирӯз шурӯъ шуда буданд.

Дар Ҷалолобод низ, ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, кормандони полис ба хотири парокандасозии издиҳом аз силоҳ истифода бурда, дасти кам як нафарро ҳадафи тир қарор додаанд.

Нерӯҳои амниятӣ аз вуруди эътирозгарон ба майдони марказии Кобул ҷилавгирӣ карданд. Дар бархӯрд як кас ба ҳалокат расид. Ба иттилои Рейтер, эътирозгарон ба полис ҳамла карда, шишаҳои мошинҳоро шикастанд. Дар афроди пойтахт бошад, кормандони полис барои парокандасозии афроди дар канори шаҳраки хориҷиҳо ва пойгоҳи амрикоӣ ҷамъомада сӯи ҳаво оташ кушоданд.

Сафорати Амрико дар Кобул ба кормандонаш дастур дод, ки ба хотири амнияташон аз бино берун нараванд.

Карстен Ҷекобсон, намояндаи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Афғонистони Озод ба оташ андохтани Қуръонро “иштибоҳи маҳз” номид ва афзуд, ки ин гуна ҳодисаҳо бар асари бемаърифатии одамон рӯй медиҳанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, нусхаҳои нимсӯхтаи китоби муқаддаси мусалмонҳоро кормандони афғони пойгоҳи Багром аз миёни ахлоттӯдаҳо пайдо карданд.

Эътироз алайҳи "беэҳтиромӣ ба Қуръон"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00
Линки мустақим

Дирӯз генерал Ҷон Аллен, фармондеҳи нерӯҳои байналмиллалӣ дар Афғонистон, барои тавҳини арзишҳои исломӣ, аз ҷумла, носипосӣ ба Қуръон аз сӯи низомиёни пойгоҳи Багром аз ҳукумат ва мардуми афғон расман узр хост ва дастур дод, ки ин ҳодиса таҳқиқ шавад. Леон Панетта, вазири дифои ИМА ҳам ахиран хостори посух ба суоле шуд, ки чӣ гуна нусхаҳои Қуръон миёни ашёи нозарури пойгоҳи Багром афтодаанд.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҷунбиши “Толибон” оташ задани Қуръонро маҳкум карда, онро “поймолсозии арзишҳои исломӣ” хонданд.
XS
SM
MD
LG