Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қирғизтелеком" "Ferghananews"-ро масдуд кард


Як ширкати интернетии таҳти назорати давлати Қирғизистон дастрасӣ ба сомонаи мустақили "Ferghananews"-ро масдуд кардааст. 8 моҳ пеш парлумони Қирғизистон ба ҳимоят аз бастани ин сомонаи мақараш дар Маскав дар саросари Осиёи Марказӣ райъ дода буд. Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” ин тасмими “Қирғизтелеком”-ро “такконовар” ва “қадами бузург ба қафо” номид. “Қирғизтелеком” гуфт, амри мақомотро иҷро кардааст.
XS
SM
MD
LG