Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як ронанда дар тармаи Майхӯра


Аз зери тарма дар минтақаи Майхӯраи шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд ҷасади як ронандаи КАМАЗ аз ноҳияи Ҳисорро берун овардаанд. Ин нахустин тӯъмаи офати табииест, ки се рӯз боз боиси дар банди тарма мондани даҳҳо ронандаву мусофир ва қатъ шудани ҳаракати нақлиёт дар ин танҳо роҳи иртибот байни марказ ва шимоли Тоҷикистон шудааст. Бино ба хабари дигар, барф дар як минтақаи ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон боми тақрибан 70 манзилро хароб кардааст.
XS
SM
MD
LG