Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаммои ларзидани Сағирдашт боз шуд


Маркази деҳоти Сағирдашт (акс аз бойгонӣ)
Маркази деҳоти Сағирдашт (акс аз бойгонӣ)

Олимони тоҷик мегӯянд, сабабҳои заминҷунбии пайдарпай дар маҳалли Сағирдашти ноҳияи Дарвозро муайян кардаанд.

Таҷҳизоти зилзиласанҷӣ,ки дар Сағирдашт гузошта шуданд, аз оғози соли равон то ба ҳол 26 бор такон хӯрдани заминро ба қайд гирифтанд. Шиддатнокии заминларза то ба 3 дараҷа аз рӯйи ҷадвали Рихтер расидааст.

Дар ҳамин ҳол мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва Пажӯҳишгоҳи геологияву зилзиласанҷии Академияи улуми Тоҷикистон сабабҳои ин офати табииро, ки айни ҳол фақат Сағирдаштро ба ҷунбиш овардааст, муайян карданд.

Сардори шӯъбаи ҳифзи ҳудуд ва аҳолии ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Давлат Абдураҳмонов бо такя ба натоиҷи таҳқиқот мегӯяд, заминларза ба он сабаб рӯх додааст, ки Сағирдашт дар маркази ҷунбиши тектоникии шохаҳои тарқиши зеризаминӣ ба номи Дарвоз-Қарақули Мурғоб қарор дорад. Ин шохаи тарқиши зеризаминӣ тавассути Тавилдара то ба шарқи Тоҷикистон тӯл мекашад. .

Кӯҳҳои Сағирдашт (акс аз бойгонӣ)
Кӯҳҳои Сағирдашт (акс аз бойгонӣ)
Барои нахустин бор заминларзае, ки танҳо Сағирдаштро такон дод, 29-уми декабри соли 2011 ба вуқӯъ омад.

Тибқи иттилои Маркази зилзиласанҷии Душанбе, шиддати ин заминларза ба 5,5 бал баробар буда, он ба хонаҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ дар деҳаҳои Кулумбаи боло, Кулумбаи поён, Сайдон ва Сағирдашт хисорот ворид сохтааст.

Бино ба ҳисоби мутахассисон, бештар аз 53 бино, ки аз хишти хом ва лой сохта шуданд, қисман зарар диданд. Сардори шӯъбаи Ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Давлат Абдураҳмонов гуфт: «Дар баъзе аз биноҳо бар асари заминларза тарқишҳо пайдо шуданд, тарқишҳое, ки солҳои қаблӣ вуҷуд доштанд, дар биноҳо васеътар шуданд ва акнун биноҳо таъмирталабанд.»

Гуфта мешавад, ки ҳаҷми зарар ба маблағи 410 ҳазор сомонӣ ҳисоб шуда, заминларзаҳои такрорӣ метавонанд, хисороти бештаре ворид созанд.

Вуқӯи заминларза фақат дар як маҳал барои Бадахшон ҳодисаи нав нест. Заминларзаҳои пайдарпай, ки дар тӯли беш аз се сол маркази ноҳияи Ванҷ ва деҳоти наздик ба онро ҷунбонданд, дар маҷмӯъ 100 манзилро вайрон сохтаанд. Мардуми маҳаллӣ маҷбур шуданд, ки ба шаҳраки навбунёди Ваҳдат, воқеъ дар наздикии маркази ноҳия, кӯч банданд.

Ба гуфтаи сокинони деҳаи Бағуши ноҳияи Ишкошим, онҳо ҳам дар тӯли бештар аз як сол ҷунбиши пайдарпайи заминро эҳсос мекунанд ва ба таҳлука афтодаанд, аммо хушбахтон ҳоло ҷунбиши замин худ ба худ аз байн
Cағирдашт (акс аз бойгонӣ)
Cағирдашт (акс аз бойгонӣ)
рафтааст. Фаррухи Саидҳасаншоҳ, сокини деҳа мегӯяд: «Ман худам чандин бор шоҳиди ин заминҷунбӣ будам, дар баъзе мавридҳо дар як рӯз замин 5-6 маротиба такон мехӯрд, мардум ба таҳлука афтод, лекин ин ҳолат зиёда аз як сол давом карда, худ ба худ заминҷунбӣ аз байн рафт.»

Чунин заминларза ҳамчунин дар маҳалли Шаймоқи ноҳияи Мурғоб ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, бинобар дар минтақаи заминларзаи 9-бала ва меҳвари тарқишҳои тектоникӣ қарор доштани Помир, аз эҳтимол дур нест, ки дар оянда дар дигар минтақаҳои Бадахшон ҳам заминларза рӯх диҳад.

Бо тавсияи гурӯҳи кории ҳукуматӣ, дар ҷамоати деҳоти Сағирдашт ба манзури ҷилавгирӣ аз оқибатҳои офати эҳтмолӣ ва барои дар ҳолати боз нигоҳ доштани роҳҳои ҳамлу нақлӣ дар рӯзҳои боришоти барфу борон миқдори муайяни сӯзишвории дизелӣ, бензин, равғанҳои молиданӣ, доруворӣ ва хаймаҳои гарм захира гардидаанд.

Зимнан, Сағирдашт дар 250 километрии шаҳри Душанбе дар минтақаи кӯҳистонии вилояти Бадахшон воқеъ аст ва теъдоди аҳолияш 6 ҳазор нафар мебошад.
XS
SM
MD
LG