Як ҳавопаймои бесарнишини Узбакистон бо нақзи ҳарими ҳавоии Қазоқистон ба умқи қаламрави ин кишвар ворид шудааст. Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон мегӯяд, дар ин бора ба мақомоти Узбакистон огоҳнома фиристода шудааст. Намояндаи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Алтай Абибуллоев гуфтааст, “хадамоти марбутаи ду кишвар воқеаро пажӯҳиш мекунанд.” Телевизиони “КТК”-и Қазоқистон гуфт, ҳавопайммо зиёда аз 15 дақиқа дар фазои Қазоқистон парвоз карда, сипас ба Узбакистон баргаштааст. Мақомоти Узбакистон ҳанӯз рӯйдодро шарҳ надодаанд.