Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи билети бозии Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ - 10 сомонӣ


Нархи билети бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ 10 сомонӣ муқаррар шудааст.

Рустам Марофиев, муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд, ба “Озодӣ” гуфт, ба нархи билет сим-картаи Ширкати Tcell низ дохил аст. Инчунин он билети лотереяи молӣ ба шумор меравад. Бурди олии лотерея мошини сабукрави “ВАЗ-2107” мебошад.

Ба гуфтаи ҷаноби Марофиев қабл аз оғози бозӣ дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд ҳунарпешаҳои маъруфи кишвар Ҷонибек Муродов, Шабнами Сурайё ва Нигина Амонқулова ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Бозии даври охирини гурӯҳи “С” миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ дар маркази вилояти Суғд 29-уми феврал соати 13 оғоз меёбад.
XS
SM
MD
LG