Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахшиш барои беэҳтиромӣ ба арзишҳои исломӣ


Генерал Ҷон Аллен
Генерал Ҷон Аллен
Генерал Ҷон Аллен-фармондеҳи нируҳои байналмиллалӣ дар Афғонистон барои иддаое дар ин бора, ки нируҳои хориҷӣ арзишҳои исломиро тавҳин кардаанд, аз ҷумла Қуръонро пос надоштаанд, узр пурсид. Аллен гуфт, вай дастур додааст, ки дар пойгоҳи Багром, ки нируҳои ҳавоии Амрико мустақаранд, дар ин маврид расидагӣ анҷом диҳанд.

“Мо пурра ба ин пешомад расидагӣ анҷом медиҳем ва бояд боварӣ ҳосил кунем, ки чунин кор дар оянда ҳеҷ гоҳ такрор нашавад. Ман шуморо мутмаин месозам ва қавл медиҳам. Чунин кор қасдан сурат нагирифтааст”.

Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, дар наздикии пойгоҳи ҳавоии Багром бештар аз 2000 нафар афғонон тазоҳуроти эътирозии ғазаболуд анҷом додаанд. Бино ба гузоришҳо, нусхаҳои Қуръон оташ зада шудааст. Генерал Аллен барои ин кор самимона аз ҳукумат ва мардуми Афғонистон бахшиш пурсид.
XS
SM
MD
LG