Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси 6 ҳавзаи раъйдиҳии Русия дар Тоҷикистон


Сафорати Русия дар Тоҷикистон
Сафорати Русия дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон барои ширкати шаҳрвандони Русия дар интихоботи президентии 4-уми марти Русия шаш ҳавзаи раъйдиҳӣ таъсис ёфтааст. Раҳбари бахши консулии Сафорати Русия дар Тоҷикистон Игор Лабузов ба хабарнигорон гуфтааст, қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе, фармондеҳии пойгоҳи 201-и Русия, полк ё ғундҳои ин пойгоҳ дар Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, маркази дидбонии кайҳонии "Окно" дар Норак ва дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфтаанд. Дар интихоботи Думаи Русия дар Тоҷикистон 7753 шаҳрванди Русия ширкат карданд. Русия дар Тоҷикистон калонтарин пойгоҳи ҳарбияш дар ҷаҳонро дорад ва бахше аз сокинони Тоҷикистон соҳиби душаҳрвандиянд.
XS
SM
MD
LG