Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби Сурх хостори оташбас дар Сурия шуд


Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх мегӯяд, барои расондани ёриҳои ҳаётан муҳим ба аҳолии манотиқи низоъ бо ҳукумати Сурия ва мухолифони он гуфтушунид дорад. Дар изҳороти кумита гуфта мешавад, барои фароҳам овардани шароити кӯмак бояд даргириҳо қатъ шавад. Дар ин байн, вазири умури хориҷии Тунис, Рафиқ Абдусалом эълон кард, ки мухолифони Сурия дар конфаронси байнулмилалии масъалаҳои Сурия дар Тунис 24-уми феврал расман ширкат хоҳанд кард. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар 11 моҳи шӯриш зидди режими Башор Асад дар Сурия ҳазорон нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG