Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муродҷон Тӯйчиев – севум дар Осиё


Муродҷон Тӯйчиев
Муродҷон Тӯйчиев

Муродҷон Тӯйчиев, паҳлавони тоҷик, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии юнониву румӣ гардид.

Ин мусобиқа дар шаҳри Гуми Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд. Муродҷон Тӯйчиеви 29-сола дар рақобатҳо дар вазни 120 кг мақоми севумро касб кард. Вале ду гуштигири дигари тоҷик – Манучеҳр Аллаев (84 кг) ва Ҳабибулло Абдуллоев (96 кг) аз медалҳои мусобиқа бенасиб монданд.

Дар ҳамин ҳол дар шаҳри Гум мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии озод ҷараён дорад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон инҳо шомиланд: Орзу Эмомов (55 кг), Николай Ноев (60 кг), Сомиршо Воҳидов (66 кг), Азамат Сӯфиев (74 кг), Юсуф Абдусаломов (84 кг), Искандари Рустам (96 кг), Эраҷ Холов (120 кг).
XS
SM
MD
LG