Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии санҷишии дастаи Тоҷикистон бо “Нистру”


Имрӯз, 20-уми феврал, тими миллии футболи Тоҷикистон дар Туркия бо дастаи «Нистру»-и Молдова бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Ба иттилои Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби кишвар дар шаҳри Белеки Туркия таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Камол Алиспаҳич, мутахассиси 46-солаи босниягӣ, идома дорад.

Футболбозони тоҷик дар Туркия ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Кореяи Шимолӣ дар шаҳри Хуҷанд (29-уми феврал) ва сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2012 дар Непал (8-18 март) омодагӣ мебинанд.

Ба иттилои ҷаноби Солиев бозии санҷишии мунтахаби Тоҷикистон бо тими лигаи олии Молдова - "Нистру"-и Атаки имрӯз соати 20.30 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Бошгоҳи "Нистру", ки соли 1953 таъсис ёфтааст, феълан дар мусобиқаи қаҳрамонии Молдова дар зинаи шашум ҷой гирифтааст: 17 бозӣ, 4 ғалаба, 7 мусовӣ, 6 бохт, таносуби тӯбҳо - 16-19.

"Нистру" аз соли 1992 дар мусобиқаи қаҳрамонии Молдова ҳунарнамоӣ мекунад. Се борӣ медалҳои нуқра ва биринҷии мусобиқаро ба даст овардааст.

Бозии санҷишии тими миллии Тоҷикистон бо дастаи ЧФР “Клуж”, қаҳрамони дукаратаи Руминия, ки мебоист 18-уми феврал баргузор мешуд, барпо нагардид.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон 15-уми феврал дар нахустин бозии санҷишӣ дар Туркия аз дастаи "Шуртан"-и Узбакистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд.
XS
SM
MD
LG