Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои раисиҷумҳури Олмон ниҳоӣ шуд


Раисиҷумҳури Олмон Кристиан Вулф зимни силсилаи моҷароҳои марбут ба фасод эълон кард, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад. Вай гуфт, иштибоҳ ҳам кардааст, вале ба поймол шудани қонун роҳ надодааст. Вулф афзуд:

“Ин моҷаро зарбаест ба бовари мардум ва тавонмандиҳои ман Биноан дигар мумкин нест, ман вазифаи президентро ба таври ҷиддӣ ва қонунӣ муаррифӣ кунам.”

Вулф инчунин гуфт, бовар дорад, ки таҳқиқ бегуноҳии ӯро исбот хоҳад кард. Матбуот ӯро ба гирифтани тӯҳфаҳои гаронбаҳо ва қоил шудани имтиёз ба тӯҳфадиҳандагон айбдор кард. Вулф замоне истеъфо дод, ки додситонӣ аз порлумон хост, дахлнопазирии президент бекор карда шавад. Сарвазири Олмон Ангела Меркел аз ин воқеа изҳори таассуф кард ва сафари худро ба Италия лағв намуд, то ба бӯҳрон расидагӣ кунад.
XS
SM
MD
LG