Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон пули иншооти ҳарбии Русияро талаб мекунад


Раисиҷумҳури Қирғизистон, Алмосбек Атамбоев мегӯяд, нақша дорад, дар дидори навбатӣ бо мақомоти Русия дар Маскав барои ҳузури иншооти ҳарбии Русия дар қаламрави Қирғизистон пул талаб кунад. Дар мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи Уш, Атамбоев гуфт, ӯро бисёр вақт барои қарзхоҳии мунтазам аз Русия танқид мекунанд. Биноан, ин бор вай аз Маскав талабҳои дигар хоҳад кард. Аз ҷумла пардохти ҷуброн барои маркази мухобироти дарозмасофа, озмоишгоҳи торпедо дар Иссиқкӯл, маркази зилзиласанҷӣ дар Ҷалолобод. Қирғизистон ҳамчунин маркази транзитии нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаро низ дар қаламрави худ ҷой додааст ва барои ин аз Вошингтон иҷорапулӣ мегирад.
XS
SM
MD
LG