Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон хабари музокирот бо Амрико ва Афғонистонро рад карданд


Толибони Афғонистон иддаои Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури ин кишварро дар бораи мавҷуд будани тамосҳои маҳрамонаи онҳо бо Амрико ва ҳукумати Афғонистон рад карданд. Оқои Карзай дар остонаи мулоқоти Исломобод гуфт, ки гуфтугӯҳои сеҷониба барои қатъи ҷанги даҳсола дар Афғонистон ҷараён доштааст. Карзай ин нуктаро ба рӯзномаи амрикоии "Wall Street Journal" изҳор дошт ва гуфт, Толибон воқеан ҳам хостори қатъи ҷанг дар Афғонистон ҳастанд. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Афғонистон, дар музокирот бо Толибон Амрико ва ҳукумати Афғонистон ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG