Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвогарони "ҷиҳод" дар курсии айбдорӣ


Бинои ҳукумати ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон
Бинои ҳукумати ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон

Мурофиаи ду узви ҲИУ дар ҳоле оғоз ёфт, ки як фаъоли он дар Покистон боздошт ва ба Душанбе оварда шудааст.

Додгоҳи Қубодиён баррасии парвандаи ду сокини ин ноҳияро сар кард, ки ба узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) айбдор мешаванд. Мақомот Акмал Рашидов ва Иброҳим Қурбоновро дар "таъсиси созмони ҷиноӣ" ва "даъват ба тағйири сохти конститутсионии кишвар" айбдор мешуморанд.

Толибхон Азимов, як масъули Додситонии вилояти Хатлон, гуфт, ҲИУ аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба унвони "созмони ифротгарою террористӣ" эътироф шуда, фаъолияташ дар қаламрави кишвар мамнӯъст. Ӯ афзуд, Рашидов ва Қурбонов бархилофи ин амри Додгоҳи олӣ ба тарғиби ғояҳои ҲИУ ва даъвати ҳамдеҳагони худ ба "ҷиҳод" машғул будаанд.

Толибхон Азимов
Толибхон Азимов
Ҷаноби Азимов ҳамчунин гуфт, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз манзили боздоштшудаҳо бештар аз 10 дискро мусодира кардааст, ки мӯҳтавои таблиғотӣ доштаанд. Аммо дар рӯзи аввали мурофиаи додгоҳӣ айбдоршавандаҳо ин гуноҳро ба "гардан" нагирифта ва гуфтанд, ки рабте ба Ҷунбиши исломии Узбакистон надоранд ва аз манъни фаъолияти он ҳам огоҳ набудаанд.

Амният Абдулназаров, узви фаъоли Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, азбаски ноҳияи Қубодиён дар марзи ҷанубии Тоҷикистон бо кишварҳои Узбакистону Афғонистон воқеъ аст, хабарҳо оид ба пуштибонии бархе сокинони узбактабори маҳаллӣ аз созмонҳои ифротгаро зиёд ба гӯш мерасанд. Аммо ҷаноби Абдулназаров ба воқеияти чунин хабарҳо бовар надоштааст.

Ҷаноби Абдулназаров гуфт, “асосан, фикр мекунам, ин як фишор ба мардуми кишвар аст. Ҳар замон, бо ҳар баҳона амалиёт гузаронида мешавад, он гуна ки соле пеш дар водии Рашт анҷом шуд. Ин гуна амалиёт ва парвандаҳои пурсарусадо бо ҳадафи ба тарс овардани мардум ва контроли онҳо сурат мегиранд.”

Амният Абдулназаров
Амният Абдулназаров
Вале масъулони додситонии Хатлон овозаҳо дар мавриди гӯиё бо ҳадафи тарс додани сокинони маҳаллӣ ва ташдиди контроли зиндагии онҳо кушода шудани парвандаҳои марбут ба аъзои Ҳаракати исломии Узбакистонро бепоя донистанд.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар баробари Акмал Рашидов ва Иброҳим Қурбонов ҳамчунин нисбат ба 10 ҳамдеҳаи онҳо, яъне сокинони деҳаи "Қизил Нишон"-и ҷамоати "Янгиюл"-и Қубодиён парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Нусратулло ва Суннатулло Абдуллоевҳо, Иброҳим Сатторов, Шӯҳрат Саидов ва дигарон низ дар пайравӣ аз Ҷунбиши исломии Узбакистон муттаҳам дониста мешаванд. Ҳоло мақомоти интизомии Тоҷикистон ин 10 нафарро дар пайгарди қонунӣ қарор додааст.

Толибхон Азимов, намояндаи Додситонии вилояти Хатлон, мегӯяд, ба гумони ғолиб ин афрод феълан дар хориҷ аз кишвар, бахусус, Афғонистону Покистон будубош доранд. Зеро муфаттишон маълум намудаанд, ки афроди муттаҳам бо шохаҳои ҳаракати "Толибон"-и Афғонистон низ иртибот дошта, ҳадафи такмили ҳайати ин созмони ифротгароро аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон пайгирӣ мекардаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 3-юми феврал мақомоти қудратии Покистон Бахтиёр Умаров, яке дигар аз гумонбарон дар узвияти Ҳаракати исломии Узбакистонро ба Тоҷикистон истирдод намуданд. Падараш Тоҷиддин Умаров, ки пизишки бемористони ноҳияи Қубодиён мебошад, дар як тамоси телефонӣ ба "Озодӣ" гуфт, намедонист писараш дар Покистон ба сар мебарад. Бахтиёр чанд сол пеш ба қасди муҳоҷирати корӣ дар Русия тарки Тоҷикистон мекунад. Аммо ҳоло мақомоти амниятии Тоҷикистон Бахтиёр Умаровро низ дар узвияти Ҳаракати исломии Узбакистон муҷрим дониста, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки бархе сокинони ноҳияи Қубодиёнро бо иттиҳоми пуштибонию пайравӣ ба созмонҳои ифротгаро боздошт ва таъқиб мекунанд. Соле қабл Абдулмӯъмин Улфатов, раиси ноҳияи мазкур, аз хунсошавии ду гурӯҳи пайравони ҷараёни мамнӯъшудаи Салафия хабар дода буд, ки гӯиё бо шабакаҳои байналмилалии террористӣ, аз ҷумла Ал-Қоида ва Ҳаракати исломии Узбакистон иртибот доштаанд. Моҳи январ бошад, раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон аз боздошти 8 узви фаъоли созмони мамнӯи Ҳизби Таҳрир ҳам хабар дода буд, ки ба таҳқиқи парвандаи онҳо кормандони Кумитаи амнияти миллӣ ва муфаттишони додситонии вилояти Хатлон машғуланд.
XS
SM
MD
LG